Гар талх шудӣ сӯзи ту аз сина куҷо шуд
Ширинии дард аз дил бекӣна куҷо шуд
Шаби ёру саҳари душмани ҷони ин чаҳ вФоиист
Хосияти нақл ва май дӯшина куҷо шуд
Аз лухти кабоби дили мо зуд шудӣ сайр
Ҳақи намаки суҳбати дерина куҷо шуд
Ошиқ нашавад тираи бики оҳи зи маҷнӯн
Нуру хиради табъ чу ойӣна куҷо шуд
Меҳр дар ганҷина ӣ дил буд вафоят
Он меҳри вафо аз дар ганҷина куҷо шуд
Ҳар чанд буд сӯхтании далқи фиғонӣ
Охири адаби хирқа ӣ пашмина куҷо шуд