Шаби ҳиҷрам хуш омад нолау фарёд аз он хуш тар

Фиғонами ҳам хушу оҳи дили ношод аз он хуш тар

Аз ӯ хуш май намояди инки бад гуяд рақибон ро

Вагар ҳаргиз аз эшон менаёрад ёд аз он хуш тар

Наранҷам ҳаргиз аз бедоду ҷаври он ҷФопишаҳ

Ки ҷаври дилбарон хуш бошаду бедод аз он хуш тар

Хушаст ингар маломати хонаи дил ҳо кунад вайрон

Вагар ин шеваро аз ман кунад бунёд аз он хуш тар

Ба кӯии ошиқии арзи таҷаммул гӯ макун хусрав

Ки ширинро буд бе баррагии Фарҳод аз он хуш тар

Хушаст оби ҳаёт аз баҳри қайди зиндагӣ аммо

Гарми теғи ту аз ҳастӣ кунад озод аз он хуш тар

Фиғониро кашад нозу итоби лолаи рухсорон

Забони таъни ту эй сӯсани озод аз он хуш тар