Ваболи гашти гули бода бар пилос маро
Ки ҳарки дид бадӣ гуфт дар либоси маро
Асоси қасри биҳиштам чигуна рост шавад ?
Чу сарфи майкада ҳо мешавад асоси маро
Ҳамин қадар ки намак бар ҷароҳатам назананд
Буд зи мардуми осӯдаи илтимоси маро
Ҳавои ҳам нафасам буд чун ситам дидам
Кунун зи соя худ мешавад ҳароси маро
зи мазраъи фалаками хӯша Эй нашуд ҳосил
Чаро ба сина набошад зи ғуссаи доси маро
Шароби хӯрдау мастам , куҷост ҳушёр ӣ ?
Ки дар паноҳи худ оради зшри носи маро
Макун ба ақли фиғонии қиёси чораи ман
Чу дар диласт таманно ӣ бе қиёси маро