Мо нахли хирад аз бен ва пайванд шикастем

Ошӯби ҷунун тунд шуд ва банд шикастем

Корӣ нашуд аз пеш ба тарк майу соқӣ

Паймона биёред ки савганд шикастем

Рафтем ба девонагии ишқи ҷавонон

Ҳангомаи перон хирадманд шикастем

Чашми тамаъ аз фоидаи халқи гирифтем

Дар кунҷи маломати дил хўрснд шикастем

Талхӣ нашунидем ҳам аз соқии маҷлис

Ҳарчанд ки пешаши шукр ва қанд шикастем

Дар бандагии хоҷаи қадаҳи нӯши фиғонӣ

Кин тавба ба анъом худованд шикастем