Ғамат хӯрдам ки рӯзӣ бо ту чун гули ҳам нафас бошам

На чун вақт гул ояд дар шумори хор ва хас бошам

Маро аз сӯхтан шуд давлати парвонагии ҳосил

Чаро бихўд ба шаҳди айши моил чун магас бошам

Марои ҷазб итобат мекашад дар базми васли охир

Чаҳ ғамгар чанд рӯзӣ аз рақибон бозпас бошам

зи тарки хеш чун анқо тавон шуд дар ҷаҳони пинҳон

Чаро дар қайди тани дармонда чун мурғ қафас бошам

Маломат мекунад ҳаркас ки мебинад маро бе ту

Бад-ӣни як ҷон ки ман дорам асир чанд кас бошам

Дарин обу ҳавои мурғи дилами ҳаргиз фурӯ ноед

Магар каз донаи холи ту дар дом ҳавас бошам

Асар чун нест дар фарёди ман шабҳои танҳоӣ

Фиғонӣ то ба кӣ дар нола аз фарёдрас бошам