Чунӣ ҳар чанд аз дарди ҷудои нотавони рангам
Шавад аз нола ҳар дами тезтар сӯии ту оҳангам
Диламро аз ҷамолати парда ӣ ҳастӣ буд монеъ
зи маҳрӯмӣ кунун бо ҳастӣ худ бар сари ҷангам
Чу мегӯям ғами худ бо касе беғунча ӣ лаълат
Нафас бо гиря меояд бурун аз сина ӣ тангам
Хушам бо сӯзу дарду нола ӣ худ , кин сурӯди ғам
Фароғат медиҳад аз савти авду нағма ӣ чангам
Дамади шохи гул ва аз ғунчааш буи вафо ояд
зи шавқи оризат ҳар ҷо ки уфтад ашки гулрангам
Бсди манзил маро меафганд давр аз маи рӯят
Фалак чун мекашад сари ришта ӣ васли ту дар чангам
Фиғонӣ чун кунам бовар ки ҳолам аз касе пурсад
Ҷафои ҷӯӣ ки сол ва ма напурсад ном аз нангам