Май хоҳи изтироб барои чаҳ ме кунӣ

Ҷомӣ бикаш ҳиҷоб барои чаҳ ме кунӣ

Акнӯн ки ман харобтар аз дигарон шудам

Парҳез аз шароб барои чаҳ ме кунӣ

Донистаам ки шаби ҳама шаб чист дар сарат

Ваон гашти моҳтоб барои чаҳ ме кунӣ

Ҷое дигар намонад ки сӯзади з диданат

Рухсора дар ниқоб барои чаҳ ме кунӣ

Мо бастаем лаби зи ҳадиси канору бӯс

Бар мо дигар итоб барои чаҳ ме кунӣ

Бозам бигуфт талх чаро май зании намак

Дар оташами кабоб барои чаҳ ме кунӣ

Борӣ бигӯ ки чист фиғонии муроди ту

Худро чунин хароб барои чаҳ ме кунӣ