Нишастӣ бо шароб ва равад то дар хӯнам афгандӣ

Башу даст аз вуҷӯди ман ки дар Ҷайҳунам афгандӣ

зи базми худ чу мавҷи об ва ҳамчун шуъла аз оташ

Ба як ҷоми лаболаби шамъи ман берунам афгандӣ

Ҳмонсоъти бъқлу дониши худ ханда ҳо кардам

Ки нақли заъфаронӣ дар мегулгунам афгандӣ

Ҳанузат сабза аз гулбаргу машк аз лола пайдо нест

Ба занҷири ҷунун бенусха афсунам афгандӣ

На дар мактаби хаттии не дар чаман машқӣ задӣ ҳаргиз

Ҳазорон рахна дар ҳар нукта мавзунам афгандӣ

Гуҳӣ дар бесутунами кушта ӣ санг бало кардӣ

Гуҳӣ Лайлӣ шудӣ дар водӣ маҷнӯнам афгандӣ

намегуфтӣ ки то ҳастӣ ва бошӣ бо ту хоҳам буд

Дигар бор аз назар эй мӯниси ҷон чунам афгандӣ

Чаҳ кардам эй қазои охир ки аз сари манзили анқо

Чу мӯри хаста дар вайрона ӣ гардунам афгандӣ

Фиғонии бас гулӯ сӯзаст маънӣҳои ширинат

Магӯ чизе ки оташ дар дил маҳзунам афгандӣ