Аз умр басӣ намонад мо ро

Беш аз нафасӣ намонад мо ро

Ҳар суду зиён ки буд дидем

Дигар ҳавасӣ намонад мо ро

Моиему дили рамида аз худ

Пурвой касе намонад мо ро

Гӯ рӯй замин бигирад оташ

Акнӯн ки хасӣ намонад мо ро

Баҳр чаҳ дарин диёр бошем

Чун млтсмӣ намонад мо ро

Рафтем чунонкӣ бар дили кас

Гирд фарсӣ намонад мо ро

Бас оҳ задем чун фиғонӣ

Фарёдрасӣ намонад мо ро