Аз серума , ?наргаст ҳамаи ранг ҳино гирифт

Дар обу гули кулолаи шамем сабо гирифт

Дар хоб ошиқ омадӣу пои нозукат

Чандон бидида суд ки ранг ҳино гирифт

Баси нахли орзӯ ки задам бар замини дил

То дар дилами ниҳоли вафои ту по гирифт

Аввал ки боз шуд дар ганҷина ӣ дилам

Омад ҳавои ишқ ва барои ту ҷо гирифт

Кӣ бар кабӯтари дили мо сар дар оварад

Бозат ки сайд кард ҳумо , то ҳаво гирифт

Гирдами зи остони ту бурданди ошиқон

Ин хоки байн ки мартаба ӣ тўтё гирифт

Дунбол кард хайли ғамати аҳли дард ро

Ман нотавонтар аз ҳама будам маро гирифт

Шабҳо фиғонӣ аз асари атри доманат

Бо оҳи оташини раҳи бод сабо гирифт