эй аз ту номи гавҳари шоҳони баромада
Аъдоат яксар аз сару сомони баромада
Аз меҳри хотами ту ба эъҷоз дар ҷаҳон
Овозаи нигини сулаймони баромада
Дар номаи кифояту рӯзӣу ному нанг
Номи анояти ту зи унвони баромада
Аз саъди толеъати баси чандини ҳазор сол
Овозаи саодати кайвони баромада
Хасми ту ҷовдона ба аҳзони фурӯ шуда
Исми ту дар замона ба эҳсони баромада
Дар ҷустан ту малики бдонсон ки ҷӯяд об
Бе тӯшаи ташнаи зи биёбони баромада
Фазлу сахоу сидқу вафороу ҳалам ро
Дар давлати ту ном ба девони баромада
Аз баҳр хӯрдани ҷигари душманони ту
Тифлони чархро ҳамаи дандони баромада
Он хасмро ки дид камони ту ҷуфти тир
Дидаи зи сар ба дидани паймони баромада
Рахши бадахши рангтар исми бурузи ҷанг
Аз хӯни хасми лаъли Бадахшони баромада
Аз бас ки додаст ту дару гуҳар ба бод
Бод аз ниҳоди қулзуму Аммони баромада
эй аз падари ятеми фурӯи мондау бтў
Коми ҷаҳону номи ниёкони баромада
Дидед ки дар мамолики берун чаҳ ком ронад
Кайхусрави ятем ба турони баромада
Науммат баромада ба шабихун барои дайн
Ном дигар шаҳон ба шабистони баромада
Ҳар ҷо ки ҳаст тайифаи ширкро тавоф
Аз тўФи мураккабони ту тӯфони баромада
Ту Мустафои ҷалолӣ ва инак ба даври ту
Кофар фурӯ шудасту мусулмони баромада
Нуҳсад ҳазор хона ки андари диёри ту
Бонги балол ва ёрб салмони баромада
Бо куфр дар паноҳат ва бо ширк дар раҳат
Ислом чира гаштау имони баромада
Дар базми ҷоми бода ба таъсири дасти ту
Лолаи зи ях ба фасли зимистони баромада
Ҳар кӯ з хон дониш ту ёфт луқма
Аз хотираши натоиҷи луқмони баромада
Аз табъи ман ба қӯту тамкини мадҳи ту
Назмии чунин ба ғояти имкони баромада
Вази баҳри суннати шуъарои матлаъи ғазал
Аз мақтаи мдиҳ бад-инсон баромада