То ки як шом ба базми тарабаш дар шуд шамъ
Куштау мурдаи он шӯх ситамгар шуд шамъ
Дар шаби васли рухи он бут маҳваш кофӣаст
Шамъҳо хуш набӯд зонка мукаррар шуд шамъ
Шуълаи оташи рухсори тўош дар гиранд
Яъне аз нури ҷамоли ту мунаввар шуд шамъ
Бо ҳамаи саркашӣу шуълаи ҳасани афрӯзӣ
Кӣ ба қаду ма рӯй ту баробар шуд шамъ ?
Соқиои базми маро шамъ набояд амшт
Каз май равшан ва зон чеҳра муяссар шуд шамъ
Пой дар банд ба фонӯс ва ба гардани занҷир
Зонка девонаи он сарви саман бар шуд шамъ
Фонии андешаи афсари зи сарат берун кун
Байн ки чун афсар зар дошт дарон сар шуд шамъ