Гуфт роҳамро брўби он симбр гуфтам ба чашм
Гуфт дигар раҳ бизан обаш дигар гуфтам ба чашм
Гуфт агар рӯзии зи зулф давр монадӣу ҷудо
Гиря мекун зи аввали шаб то саҳар гуфтам ба чашм
Гуфт агар бар ёди лаълами бодаи гулгуни хурӣ
Косаҳо пари соз аз хӯн ҷигар гуфтам ба чашм
Гуфт агар хоҳӣ ба рӯем чашми худ равшан кунӣ
Аз ҳама хубон бикун қатъ назар гуфтам ба чашм
Гуфт агар ёбад зи шоми ҳиҷри чашмати тирагӣ
Соз аз шамъи рухами нур басар гуфтам ба чашм
Гуфт бо чашмат бигӯ каз хоки раҳи тавсанам
Нур ёбад серумаро миннат мабар гуфтам ба чашм
Гуфт фонӣ чунки аҳли ишқи сӯии маҳвашон
Бингаранд он дами ту сӯии мо нигар гуфтам ба чашм