Мусулмонони дил озурда дорам

Тании сайлоби меҳнат барда дорам

Алоҷ дил макун ҷузи марҳами васл

Ки аз неши фироқ озурда дорам

Танӣ бе сӯзи дил аз ҷони худ сайр

Бъинаҳ чун чароғ мурда дорам

Рафиқонро ки аз ишқ оташинанд

зи оҳи сарди хеш афсурда дорам

Гули умеди худ чун гулшани даҳр

зи айни тишнагӣ пажмурда дорам

Чу фонии нақши ғайр аз сафҳаи дил

Ба теғи бедилӣ бстрдаҳ дорам