Саргарони гаштам азон наргиси хоби олӯда
Ҷигарам хӯн шуд азон лаъли шароби олӯда
Лабаши олӯда ба май гашт ва ҳаётам бахшед
Ҷавҳари ҷон ки ба ёқӯти музоби олӯда
Гуфтамаш кӯй ту олуд зи ашками гуфто
Бад набошад чаман аз ашки саҳоби олӯда
Сурх шуд чашми ту аз хӯни дили сӯзонам
Ҳамчуи мастӣ ки ба хуноби кабоби олӯда
Зоби абриқи риёӣ ту нишуем эй шайх
Хирқаи худ ки шуд аз бодаи ноби олӯда
Гӯ барои пери Муғони масти харобам аз дайр
зи ашки хӯнам чу шуд ин дайри хароби олӯда
Бандаи пери Муғонам ки зи баҳри карамаш
Шаста шуд ҷурм ва нигарадед ба оби олӯда
Дафтари хӯни дилам ҳарки бихонад гардад
Зоби чашмаши ҳамаи авроқи китоби олӯда
Фонё роҳ равонаст ки дар дашти фано
Мерад ар ташна нагардад ба сароби олӯда