Шигифт чун гули рухсори соқӣ аз май ноб
Баннои зуҳди ман аз сайли бодаи гашти хароб
Маро ки нақди дил ва дайн бирафт дар сар май
зи ному нанги дарин куҳнаи дайри худ чаҳ ҳисоб
Бануш бода ва девона бош дар олам
Ки баҳри олам девонагӣаст базми шароб
Ҷавонӣасту хумору баҳору оташи ишқ
Биор май ки ҷунунро тамом шуд асбоб
Чу амни хоҳии азин коргоҳи пари ошӯб
Мёи зи майкадаи берун ва бош масти хароб
Агар хароб буд хонаи ҷаҳон чаҳ аҷаб
Ки дид хона ки обод монад бар сари об !
Бибояд охираши андари сари қадаҳ рафтан
Ҳавои бода ба сар ҳар киро буд зи аҳбоб
Агар фано шуданат майл ҳаст чун фонӣ
Биравят ончӣ расад аз сипеҳр рӯй мтоб