Мо ду оламро зи мавҷи ғам хароб ингоштем

Ин ду дарёии мусӣбатро сароб ингоштем

Чун дарин раҳи оби ҳайвони кор оташ ме кунад

Оташӣ ҳар гом нӯшедем ва об ингоштем

Ин куҳани афсонаи мо ҳеҷ поёнӣ надошт

Лаб фурӯбастему оламро ба хоб ингоштем

Ҳиммати хафоаши шамъи бениш мо барфурӯхт

Зулмати шабро чароғ офтоб ингоштем

Зотши ҳасрати фасеҳии дидаро кардем хушк

Тозаи гулҳои вафоро бегулоб ингоштем