Дар май занам чаҳ шуд ки гушоиш падед нест
Қуфли марои муомилае бо калид нест
Сад абр раҳмат омаду дил шабнамӣ надид
Гуё ки ин гиёҳи худо офарид нест
Саҳви китоби расми фузун аз ҳадаст лек
Саҳвӣ чу саҳви таҳнияти рӯз ид нест
Сад баҳри хӯни заҳри мижа тай кардам ва ҳануз
Поёни кори гиряи шавқам падед нест
Баъд аз видоъи дӯсти фасеҳии шаҳиди ишқ
Гар ним лаҳза зинда бимонад шаҳид нест