Нофа чу турраи ғолияи бор ту нест
Анбари суда чу хати ғубор ту нест
Гул нашукуфта ба покии оризи ту
Сабза ба хӯбии хати изор ту нест
Аз барам эй дил хаста бирав ки маро
Тоби шунидани нолаи зор ту нест
Ба ки равад зи ғами ту ба боди фано
Тӯҳфаи ҷон ки қабули нисор ту нест
Дар чамани ин ҳамаи гул ки шукуфтаи яке
Чун гул рӯй ҳамеша баҳор ту нест
Баҳри вафои макаш эй дили хӯн шудаи ҷавр
Кончаҳи ту май талабӣ бар ёр ту нест
Кори ту рафтаи фасеҳии хастаи зи даст
Ёри ту дар паии чораи кор ту нест