Боз ишқ омад ки ороед гулистони маро
Созад аз хӯни ҷигари шодоби бустони маро
Боз ишқ омад ки аз файзи нишоти гиря Эй
Чун канор гул кунад пурхандаи домони маро
Боз ишқ омад ки дарбастони куфри зулфи дӯст
Шабнами рухсора гул созад имони маро
Боз ишқ омад ки аз ҳар дўрбоши ғамза Эй
Бишиканад дар дидаи ман нӯки мижгони маро
Боз ишқ омад ки нохуни бррг ҷонам занад
Зевари гӯш млоик созад афғони маро
Боз ишқ омад ки андозад ба рағми офият
Дар кафи сад чок ҳар тори гиребони маро
Боз ишқ омад ки аз завқи сиришки афшоне
Дида ёқӯб созад доғи ҳурмони маро
Боз ишқ омад ки меҳмони хаданги нози дӯст
Пурсад аз ҳар дил ки бинад хонаи ҷони маро
Боз ишқ омад ки дар бозори ҳасани худфуруш
Бар сари мижгони кушояди бори сомони маро
Боз ишқ омад ки хандонади зи файзи ҷилва Эй
Чун лаби захми шаҳидони чашми гирёни маро
Боз ишқ омад ки аз зери гилӣми офият
Оварад беруни фасеҳии табли пинҳони маро