Хӯни шикоятами зи лаби захм чун чакад
зи онҷо ки теғ ӯ нараседаст хӯн чакад
Нозам ба саъии шавқ ки бе дасти кӯҳкан
Аз тешаи захм дар ҷигар бесутун чакад
Дар ҷӯшами он чунон ки зи чашми ҷароҳатам
Дарё ба ним қатра расад то бурун чакад
Дар размгоҳи ишқ ки гулзори дӯстии сет
Бар ақл захм ояду хӯн аз ҷунун чакад
Лабрез захм ӯст фасеҳии танам чу гул
Чандон ки номам ар бифишоранд хӯн чакад