Моием ҷудо аз ту ба ғами сохтае чанд

Бо ёди ту дил аз ҳамаи пардохтае чанд

Моием зи савдоӣ батон суди надида

Бе фоидаи нақди дилу дайни бохтае чанд

Дидӣ ки чисони рози маро парда дариданд

Аз рӯй накӯ парда барандохтае чанд

Рухсор ту карданд ба ойӣнаи баробар

Аз бе басарии қадари ту нашинохтае чанд

Бигушоӣ хаданги мижа каз завқ бимиранд

Ҷонҳо сипари тири балои сохтае чанд

Арбоби муҳаббат чаҳ касонанд фасеҳӣ

Дар кӯчаи меҳнати илми афрохтае чанд