эй зубдаи дудмони давлат
Ҷони зинда ба ту чу мағз аз ҳуш
Ту нашъа ӣ хонаи зоди қудсӣ
эй аз ту шароби файз дар ҷӯш
Инак сафи қудсён ба гирдат
Ҳамчун мижаи гирди дидаи мадҳуш
Як ҷӯши зи лаҷаҳои ҷавдат
Бардошти зи деги чархи сарпӯш
Чун нақши нигини хеши манишин
Бо ин ҳамаи ҷӯши ҷӯади хомӯш
Як бор суол кун зи лутфат
эй лутфи ту бо ҳаёти ҳамдӯш
Кони нола хӯн фишон асираст
ё раб ба кадоми пардаи гӯш
Ва он қатраи ашки пари табу тоб
Бар хок ки орамида аз ҷӯш
эй дасти ту иди хотами ҷам
Чун ҳалқаи зулфро биногваш
Гуфтам ки кунам чу ид гардад
Аз дасти ту ҷоми офияти нӯш
Кӣ донистам ки бар дили ту
Ҳамчу рамазон шавам фаромӯш