эй нусхаи коргоҳи Монӣ
Феҳристи китоби Комронӣ
Чун каъбаи саромади заминӣ
Чун меҳри чароғи осмонӣ
Неи шоҳидӣ ва чу шоҳиди шӯх
Ҳар лаҳза киришма ме фишонӣ
Бар пайкари ту зи баси латофат
Тарсам ки кунад сафои гаронӣ
Фарзанди азизи офтобӣ
ӯ пер шуд ва ту навҷуоне
Май зебад агар кунӣ ба хуршед
Дар каффаи равшании гаронӣ
Дар соҳати қудрати осмон ро
Оварад замин ба миҳмонӣ
Чун дид шикваи ҳазрати ту
Бӯсед замин ба посбонӣ
Дар ҷўФи ту Хизр карда пинҳон
Сарчашмаи оби зиндагонӣ
То соҳати маснади хуросон
Ёбад зи ту умри ҷовдонӣ
Неи зи обу гулӣ ки рӯҳи покӣ
Дар пайкари хоки тираи ҷонӣ
Ризвони гӯйӣ ба мо фиристод
Қасрии зи биҳишти армағонӣ
Неи не ки биҳиштӣ ва аз он шуд
Таърихи биҳишти Комронӣ