Ба машомам нарасад буии гулӣ аз чапу рост

Магар аз зулфи каҷати силсила бар пой сабост

Дар чамани бскаҳи насим ту кунад ғорати ҳуш

Нафасии буии гул аз ҷо натавонад бархест

Ҳасанро ин ҳамаи сомон ки з рӯй ту фузуд

Бар парешонеи гули гиряи шабнам бе ҷост

Сарфарозии зи қадати рутба дигар дорад

Сарву шамшодгар аз пой нишинанд равост

Хотирам ҷамъ шуд аз дағдағаи марҳамён

Ки сари зулфи ту бар доғи дилам ғолия сост

Намаки заҳр ба захми ҷигарами боди ҳаром

Ҳасраташ гарна ба шамшери ту хамёзаи гшост

Гесуӣ ҳур кунад ҷазб ба тақрйви абир

Гар ғубории зи сари зулфи ту дар хотири мост

Дар сари кӯии ту кораши ҳамаи шаби қатра занӣ аст

Ашкро гарчи зхўни ҷигарами по ба ҳиност

Шудаи умрӣ ки з кам моиагии хӯни ҷигар

Қисмати ашки ман аз обилаҳои каф пост

Бас ки афтодаи кӯй ту шудам рашк барам

Ба ғуборӣ ки зи роҳ ту тавонад бархест

Табъи шӯхи тугар аз матлаъ аввал нашикуфт

Матлаъи дигарам аз пардаи дил ҷилва намост