Биё ки шиша қисм медиҳад ба аҳди куҳан

Ки тавба башикан ин бори ҳам ба ӯҳдаи ман

Ба тавба дил манеҳ эй дил ки бути парасти шӯй

Биё ки бут шикан омад шароби тавбаи шикан

Агар ба дидаи ирфон назар кунӣ зоҳид

Якеаст тавбаи парастӣу бут парастидан

Биё ба мактаби майхона назд пери Муғон

Ки ёдгирӣ аз хештани сафар кардан

Ба пеши аҳли вилоят намоз нест дуруст

Агар зи шишаи надории тариқи хами гаштан

Табассуми гули соғар ишоратӣаст хФӣ

Ки ҳосили надиҳади ин ду рӯзаи ғам хӯрдан

Биор соқӣ аз он бодае ки май доне

Ки буи шиша ӯрост нашъаи мрдоФкн

Ки гирд ақл бишӯйем аз дил ва аз ҷон

Ғубор ҳуш фишонем аз сар ва аз тан

Хушо шароби тамошо ки ҷоми ҷомаш ро

зи роҳи дида тавон хӯрд на зи роҳи даҳан

Касе ки мастии дидори дида , ме донад

Ки бодаи бода ишқасту ғайри он ҳамаи фан

Худоӣ донаду файёзу соқии кавсар

Ки ҳаргизам нашуд аз бодаи ҳуштар доман

Ман ва майу нигаҳи Тифли чашми хунхорӣ

Ки шастааст ба хӯни дилами лабони зи лбн

Ҳадиси бода ба қавл ва ғазал кашид охир

Муқарараст ки хезади сухани ҳамеи зи сухан