Кард ҷои доғи ҷунуни бози зи нав бар сари мо

Сояи афканд дигар бар сари мо ахтари мо

Мо фалаки сӯхтагони айш ва тараб нашносем

Ид , мотам шавад ояд чу сӯии кишвари мо

Қадари мо сӯхтагон кам нашавад баъди ҳалок

Дида равшан кунад ойӣнаи зи хокистари мо

Тира рӯзем вале ишқ чу партав фиканд

Ҷома чун халъат Фонўш шавад дар бар мо

Паҳлавии роҳати моро набӯд оромӣ

Ҳамчуи ҷавҳари магар аз теғ кунӣ бистари мо

Сояи боли ҳумои дарди сари орад чун мӯӣ

Доғи ишқи ту агар соя кунад бар сари мо

Зардии чеҳраи мо қадари пар коҳиш нест

Силии ишқи магар сикка занад бар зари мо

Аз Гана нест ки мо ноз бар афлок кунем

Атласи чархи барин танг буд дар бар мо

Субҳи мо аз уфуқи шиша чу толеъ гардад

Дар назари ҷилва хуршед кунад соғари мо

Ринд ватар доман ва мастем ва , ту зоҳиди файёз

Мо димоғ ту надорем , бирав аз сари мо