Ҷузи доғи сина гул накунад дар баҳори мо

Аз ҷӯии шуъла об хӯрд лолаи зори мо

Ҳар ранги лолае ки шикаст офтоб шуд

Пажмурдагӣ начед гулӣ аз баҳори мо

Дар чори фасл , гулбуни моро шукуфтагӣ аст

Гул бастааст ақди ухувват ба хори мо

Мо софи тинатон ба ҷаҳон сулҳ карда ем

Ойӣна тирагӣ накушуд аз ғубори мо

Моро ба хоки тира баробар намӯд ишқ

Ин буд дар ҷаҳони сабаби эътибори мо

Ҳар чанд лоғарем валикини зи рӯзу шаб

Тозад ду асбаи даври фалак дар шикори мо

Файёз гарчи тарзи сухани тоза буд лек

Ин тарзи тозатар шуда дар рӯзгори мо