эй ғоиб аз назар ки туе масти нози мо
Бодои фидои нози ту умри ниёзи мо
Ёқӯби чашми баста шикоят кунад зи ҳиҷр
Охир бибин чаҳ мекашад ин чашми бози мо
Дардо ки рӯзи умр ба охир раседу боз
Охир намешавад ғами давру дарози мо
Як зарра дар дили ту сироят наме кунад
Ин нолаи нафаси гусали дили гудози мо
Бо онкии нозанини ҷаҳонӣ ва бе ниёз
Ғайр аз ту кас намекашад эй дӯсти нози мо
Моро забони шикваи бедод ҳиҷр нест
Донад ниёзмандии мо бе ниёзи мо
Моро забони дигар ва тақрир дигараст
Файёз ошно нашавад кас ба рози мо