Саҳро хушасту дашт хушасту чаман хуш аст
Ҳар ҷо ки ҳаст ғайри дили танги ман хуш аст
Дар зиндагии фароғати хотир чаҳ орзӯаст !
Ин орзӯ хушаст вале дар кафан хуш аст
Аз гуфт вгў дарӣ накушояд ба рӯй дил
Хоками азин муҷодалаи меҳри даҳан хуш аст
Печида дар либоси бадани неши зиндагӣ
Хоки адами абири барин перҳан хуш аст
Теғи ту чоки тоза ба ҷайб дилам фиканд
Ин рахна то ба домани умеди ман хуш аст
Ҳаргиз ба кор ишқ наёяд дили дуруст
Дили ҳамчуи зулфи ёри шикан дар шикан хуш аст
Файёзи захми тоза ба марҳам руфӯ макун
Кин захми дили шикоф чу гардад куҳан хуш аст