Чун насимам дар раҳи ишқи ту нақши по гум аст
Дар сари кӯии ту ҳамчун қатра дар дарё гум аст
Аз ки ҳайронам ? ки пурсади каси суроғи хеш ро
Дар сари кӯе ки ҳар кас мешавад пайдо гумаст !
эй ки фардои қиёмат ваъда кардӣ васли хеш
Рӯзгори ошиқонро дар миёни фардо гум аст
Ҳасрат қадаш нагунҷад дар бағали хамёза ро
Онкӣ дар як ҷилвааш олами зи сар то по гум аст
Пои рағбат аз сари кӯии фано берун манеҳ
Оқибати сари ришта ӣнҷо мекашад , ӣнҷо гум аст
Давлати бедори хоҳии чашми шаби бедори дор
Рӯзҳои некбахтӣ дар дили шабҳо гум аст
Нест пинҳон бар касе ин ҳарф гӯям ошкор
Онкӣ танҳо нест азуии ҳеҷ кас танҳо гум аст
Мардумонро нест тоб дидани номардумон
Ишқро дар зери домани домани саҳро гум аст
Мо намедонем қадару қимати файёз ро
Ҳамчуи Юсуф ӯ зохўон дар миёни мо гум аст