Ишқи бозии ҷустуҷӯии ёр дар дил карданаст
Умри худро сарф дар таҳсил ҳосил карданаст
Саҳл бошад бар худ осон кардани мушкил вале
Мушкили осонро зи шуғли ишқ мушкил карданаст
Гар кунӣ тақрири матлабҳои олам илм нест
Мағзи дониши сабр бар тақрир ҷоҳил карданаст
Хандаи дздидзн ба кунҷи лаб дар аснои итоб
Шаҳди кавсари чошнии гир ҳалоҳил карданаст
Кимиёии дил ба даст овардан ҷинсасту бас
Меҳр бо ноҷинси ранҷи хеш ботил карданаст
Роҳатии косоиши ҷинат балогардон ӯст
Хоби хуш дар сояи шамшер қотил карданаст