Ҷисми хокигар бимиради оташи ҷон зинда аст
Гирди майдон гар набошад марди майдон зинда аст
Баҳри хомиҳо ҷафоӣ рӯзгорон кимиёст
Оташи афсурдагони доим ба домон зинда аст
Гар нанолад кас чаҳ фарқ аз зиндагӣ то мурдагӣ
Гар на булбул , кас чаҳ донад дар гулистон зиндааст !
Ишқ боқӣ шуд ки фонӣ дар бақоӣ ҳасан шуд
Ҳар ки Юсуф дид донад пери канъон зинда аст
Ашк , ҷон май коҳад аммо умр афзӯн ме кунад
То абад аз нисбати лаълаши Бадахшон зинда аст
Бо бузургии шеваи кучаки дилиҳо пеша кун
То абади зини шеваҳо номи бузургон зинда аст
Орзӯии тўФи Машҳади мурдаро ҷон ме диҳад
То абади файёз бар ёди хуросон зинда аст