Бода аз абр хӯрд фасли баҳорони гули сурх
Ки барафрӯхта чун лолаи изорони гули сурх
Гул ба доман кунадам ашк ки аз давлати ишқ
Муждаам абр баҳор омаду борони гули сурх
Манаму нағмаи сарое ба ҳавои чаманӣ
Ки хазонаш гул зардасту баҳорони гули сурх
Шишаи булбул шуда дар базми ҳарифон ки буд
Ҷом май дар назари бодагусорон гули сурх
Ҳар касе моили ҳам ҷинс худ омад файёз
Ман гул зард писандидаму ёрони гули сурх