Корам аз гуфтани лутфат ба ғаромат афтод

Сӯфӣ аз қурб ба изҳор каромат афтод

Гашти маълум ки бо ман чаҳ қиёмат кардаст

Ҳар киро чашм бар он ҷилва қомат афтод

Аз паии шишаи ман домани пар санг омад

Ҳар киро роҳ ба водӣ маломат афтод

Ҳамаро дар раҳ ӯ пой фурӯ рафт ба ганҷ

Саъии мо буд ки кораш ба надомат афтод

Ту худ аз нанги ниёе бар мо , мо аз бим

Ваа ки дидор ба фардоӣ қиёмат афтод

Рахти бурданди зи ғурбат ба ватани ҳамсафарон

Сафари мост ки дар банд иқомат афтод

Ману файёз ба ҳам ғарқаи дарин баҳри шудем

Ки азин варта надонам ба саломат афтод ?