зи заъфам бе ту бар тан аз гаронӣ мӯ наме ҷунбад
Нигаҳ то ҳашари азин паҳлу ба он паҳлу наме ҷунбад
намеҷунбад ба хӯни каси фалакро теғ бе раҳмӣ
Туро то дар ишорати гӯша абрӯ наме ҷунбад
Ки май орад ба муштоқон дигар пайғоми зулф ӯ ?
Саборо пои зи даҳшат аз сари он кўнмӣ ҷунбад
Нигоҳаш бе тағофули сари зи болин барнаме дорад
Бало аз гӯшаи он наргис ҷодӯ наме ҷунбад
Чунон фармонраво шуд ғамзааш дар кишвари дил ҳо
Ки набзи хаста бе изни нигоҳ ӯ наме ҷунбад
з кам зарфии сари паймона аз як ҷуръа ме гардад
Хам аз дарёдилӣ аз ҷои худ як мӯ наме ҷунбад
Дили файёзро ҷо дар парешоне хуш афтодаст
Аз он аз сояи он ҳалқа гесу наме ҷунбад