Ду чашмати майл ҳушёрӣ надорад
зи хоби ноз бедорӣ надорад
Надорад хоби хуши бемори чашмат
Чаҳ беморӣ ки бедорӣ надорад !
Сари бемории он чашми гирдам
Ки пурвой парасторӣ надорад
Бути кофар дилӣ дорам ки бо ман
Сари меҳру дил ёрӣ надорад
На аз лутфаст агар бо ман ба кин нест
Ки пурвой стмгорӣ надорад
намегӯям ки дар табъаш вафо нест
Сару барг вафодорӣ надорад
Лабаш барг гуласт аммо ба табъам
Чу барги гул гронборӣ надорад
Назокати байн ки бо сад гӯнаи шухӣ
Димоғи ошиқ озорӣ надорад
Ба ман дорад назар аммо зи тамкин
Чунон дорад ки пиндорӣ надорад
Такаллуф , бартарафи ин шеваи хатмат
Ки маъшӯқаст ва худдорӣ надорад
Мадаи дарди сараш аз нолаи файёз
Ки тоби нола ва зорӣ надорад