Бо ёди ту кунин фаромӯш тавон кард
Гар з ҳар диҳии бодаи сифати нӯш тавон кард
Ҳайфаст ки дар гардани ҳури афкандаши кас
Дастӣ ки ба ёди ту дар оғӯш тавон кард
Шукронаи ин лутф ки дар ёд ту ҳастем
Ҳар чанд кунӣ ҷаври фаромӯш тавон кард
Пӯшидан мижгон нашавад монеъи ашкам
Ин шуъла чунон нест ки хаси пӯш тавон кард
Файёз мазан об ки ин шуъла ба ҷонам
Навъе нагирифтаст ки хомӯш тавон кард