Ҷӯ ояд дар чаман аз андалебон шӯр бархезад
Ба таъзими насимаши буии гул аз давр бархезад
Машоми орои гулшан чун шавад буии сари зулфаш
зи хоби саргаронии наргис махмур бархезад
Ниқоби зулф чун аз пеши моҳ чеҳра баргирад
Ба ҳар ҷо соя уфтад шуълаҳои нур бархезад
Чунон шаҳди ғамаш дар коми ҷонҳо лиззатӣ дорад
Ки мотам гар нишинад бо ғам ӯ сур бархезад
Ба марҳами умрӣ ар доғи ту дар як перҳани хобад
Чу бархезад сиёҳӣ аз сар носур бархезад
Дилам бо доғи ишқат дар лаҳад осоишӣ дорад
Ки дар маҳшар аҷаб дорам агар аз гӯр бархезад
Нишинад гирди бод аз пои зи шарми шӯришами файёз
Дарин саҳрои ғуборам ҳар куҷо аз давр бархезад