Биё ки бе ту на соғар на шиша ме монад
Ту чун набошӣ маҷлис ба беша ме монад
Ту рафтӣ аз дил ва дар синаи орзӯат ба ҷост
Ки чун ниҳол шавад канда , реша ме монад
Ситами зиёдаи з ҳад мекунӣу пиндорӣ
Ки малики дил ба ту бедод пеша мемонад !
Аз он ба сайр гулистон намеравад зоҳид
Ки шакли ғунчаи саропо ба шиша ме монад
Дигар ба ёд ки дар кӯҳ канданӣ файёз ?
Ки нолаи ту ба овоз теша ме монад