Мавҷи ашками абрро олӯда доман ме кунад

Шуълаи оҳами чароғи барқ равшан ме кунад

Суҳбати рангини ман мушкил ки даргирад ба дӯст

Ман ба домани хӯни дил ӯ гул ба доман ме кунад

Нолаам дар сина май печад ба ёд рӯй дӯст

Булбули ман дар қафаси ҳам сайр гулшан ме кунад

Фарқ бисёраст эй ёрони зи ман то кӯҳкан

Ончӣ душман кард бо ӯ , дӯст бо ман ме кунад

Бо ту дар ғайрат намегунҷад вуҷӯди дайгарӣ

Рашк аз онам ҳар нафас бо хеш душман ме кунад

Меравад аз хештан аз заъф агар гоҳе ба саҳв

Ғунчаи умеди ман ёд шукуфтан ме кунад

Завқи азлатгар чунин бар медиҳад файёзи зуд

Ҳамтем бар шҳпри анқо нишеман ме кунад