Аз бе касем дӯши дили сӯхтаи кас буд
Ойӣнаи чароғи сари болини нафас буд
Гул то саҳар аз партави доғи дили булбул
Парвонаи гирди сари фонӯси қафас буд
Дар гашти гулистони таманнои ду олам
Чизе ки начедем гули боғи ҳавас буд
Имрӯз надонам з чаҳ дӯди дил мо шуд
Он шуъла ки дирузи гули домани хас буд
Дар қофилаи пеш рӯйҳо хатарӣ ҳаст
Тай шуд раҳам аз давлати пое ки ба пас буд
Дар водӣ гум гаштагӣ каъбаи мақсӯд
Бими ҳама аз раҳзании бонги ҷарас буд
Ширин нашуд аз чошнии лаъли тўоши ком
Файёз ки бар шаҳди ту як умри магас буд