Шаш ҷиҳатро дар задам ҷузи ҳалқаи кас бар дар набӯд

На садафро сина кардам чок , як гавҳар набӯд

Сайри оташи хона ҳо кардам ба боли шуълаи дӯш

Он қадри гармӣ ки дар дил буд дар ахгар набӯд

Гирди ғам то рафта шуд аз синаи дил афсурда шуд

Пушти гармиҳои оташи ҷуз ба хокистар набӯд

Завқ беболу париҳо кори моро хом кард

Варна дар базмаши дил аз парвонае камтар набӯд

Ҷилваи парвоз , занҷираст бе дидори гул

Булбулонро бе ту домани ҳамчуи бол ва пар набӯд

Қисмати мо як ду соғари хӯни дил дар шиша дошт

Варна шамшери турои тақсир дар ҷавҳар набӯд

Сӯзиши дили дӯш рӯй ашки моро сурх дошт

Пеши азин файёзи тобии андарин гавҳар набӯд