Дарин дарёӣ бе бен чун ҳубобам

Нафас то май кашам аз дили харобам

Надорад чарх бо ин шӯри чашмӣ

Намаки чандон ки резад бар кабобам

Ба ёди дӯст рӯҳ ояд ба парвоз

Дигар дар хам намегунҷадат шаробам

Ту дайр аз ҷои дро , ман зуди хиҷлат

Ту то оташ барафрӯзӣ ман обам

Чу моломол ҳасан оем аз он кӯй

Ба дида дар наёяд офтобам

зи завқ дидани рӯйиш ба маҳшар

Шаб мурдан нахоҳад баради хобам

Ҷазои меҳрбониҳо марои бас

Ки оради интиқомаш дар ҳисобам

Наяндешам зи дӯзахи як сари мӯӣ

Ба ҳиҷрон гар нафармое азобам

Таб бе тобемро ин давои бас

Ки гирад ғамзаи набзи изтиробам

Ба фикри он даҳон дар тангноем

зи тоби он камар дар печу тобам

Чунон файёзи маҳрӯмами зи гулзор

Ки буи гул наёяд аз гулобам