Ҳам дар шайх задам ҳам раҳ рҳбон рафтам

Кофар аз каъба ва аз дайр мусулмон рафтам

Одати акси нақизи фалакам мағлата зад

Ки паии дард ба дарюза дармон рафтам

Ханда бар сустии умед худам ме ояд

Аз дарат рафтам ва ин турфа ки хандон рафтам

Гарчи аз омадани хеш пушаймон будам

Лекин аз рафтан худ низ пушаймон рафтам

Омадами ин ҳамаи раҳи даст ба домони умед

Лек бо яъси абади даст ва гиребон рафтам

Инки ҷузи лухти дилам ҳеҷ надоданд насиб

Ҷурми ман буд ки нохонда ба меҳмон рафтам

Ҳамдамони манъи ман аз нола раво нест ки ман

Булбулӣ будаму нодида гулистон рафтам

Ғурбатами гирди малолати зи ватан беш афзуд

Юсуфӣ будам ва аз чоҳ ба зиндон рафтам

Аз мулоқоти ман аҳбоб малол афзуданд

Гарчи чун боди сабои ҷониб бустон рафтам

Буии пероҳан Юсуф шудам ва бе асарам

Ҳарза буд ин ки ман аз Миср ба канъон рафтам

Даврӣ аз дӯст ндонӣ гунаҳи ман файёз

Рафтам аз дарга ӯ лек ба фармон рафтам