Ба ҷузи ту ҷумла беҳосил гирифтам

Агар чиз дигар дар дил гирифтам

Ба ғайр аз мусҳафи рӯяти китобӣ

Агар хондам ҳама ботил гирифтам

Ҳазорон таъна аз ҳар душману дӯст

зи нофармонии як дил гирифтам

Китоби ишқро осон намуданд

Чу хондам сар ба сар мушкил гирифтам

Ҳама аз баҳри манзил роҳ гиранд

Чаро ман роҳро манзил гирифтам !

Шикастами киштӣ ва ронадам ба дарё

Муроди баҳр аз соҳил гирифтам

Шудам як мушти хӯни файёзу охир

Ба ҳасрати доман қотил гирифтам