Ман ҳеҷ намегӯям ман ҳеҷ наме донам

Дар ишқи ту мадҳушам дар васфи ту ҳайронам

Ншносдм аз гулбуни булбул ки хаёли ту

Гули рехта то доман аз чоки гиребонам

Ҳам сарви манӣ ҳам гули ҳам лола ва ҳам сунбул

Ҷое ки туе набӯд пурвои гулистонам

То дида ба хӯни дил аз гирди дуе шастам

Ғайр аз ту наме байнами ғайр аз ту наме донам

Бо ёди ту дар саҳро аз бута ҳар хорӣ

Гули чинам ва гул бӯем гули байнам ва гул донам

Дар фазлу ҳунар ҳар чанд гумноми даҳу шаҳрам

Дар фани ҷунуни лекини машҳури биёбонам

Аз нола ба фарёдам ҳар чанд ки хомӯшам

Вази гиря ба сомонам ҳар чанд парешонам

Аҳволи дили зорам он нест надонад кас

Каз заъф бадан пайдост дарди дили пинҳонам