Дил ба ёди ту сархушаст ҳамон

Шуълаи шавқ саркашаст ҳамон

Пар баровардам аз хаданги ҷафо

Мижаи дастӣ ба таркишаст ҳамон

Кард ошуфта , хотири ҷамъӣ

Турра ӯ мушаввашаст ҳамон

Тўтёи гашти устихону маро

Чашм бар гирд абрашаст ҳамон

Гар шудам аз ту даври рӯзӣ чанд

Кашишат дар кашокашаст ҳамон

Биҷаҳадгар сапандӣ аз оташ

Бози гаштан ба оташаст ҳамон

Нохушиҳо агар чаҳ дид басӣ

Дили файёз ӯ хушаст ҳамон