Чаҳ пои бастаи тадбирам боядам бӯдан

Ки дар қаламрави тақдир боядам бӯдан

Қазо ба чини ҷабин рад намешавад ҳаргиз

Чаҳ лозимаст ки дилгир боядам бӯдан

Дамӣ ба халқи хушам рӯзгор нагузорад

Дами насимаму шамшер боядам бӯдан

Пиёда дар ҷилави ғифлатам , кунун каз ҳуш

Ду асба дар паии нахҷӣр боядам бӯдан

зи саргаронии зулфи ту дарҳамам чаҳ кунам !

Ки бори хотири занҷир боядам бӯдан

Чунон нарафт ғами даврии раҳам аз ёд

Ки дар таҳияи шабгир боядам бӯдан

Кадоми айши ҷавонӣ , кадоми аҳди тараб !

Ки дар талофии он пер боядам бӯдан

Чаҳ ғами зи қомати хами дида , ин умедами бас

Ки дар камони ҳаваси тир боядам бӯдан

Зуҳӯри дарди дили ман гузашт аз он файёз

Ки зери миннати тақрир боядам бӯдан