Кас нест каз ғами ту дилаши пора пора нест
Лекин чаҳ чора каз ғами ишқи ту чора нест
То кӣ ҷафо кунӣ снмо аз худо битарс
Охир диласт ҷои ғамати санг хора нест
Ҳар дами ҳазор чора кунӣ дар ҷафои мо
Моро вале зи дасти ҷафои ту чора нест
Шояд ки рӯз ҳашар напурсанд ҷурми мо
Дар ишқ сӯхтем уқубат дубора нест
Дил бар ҳалок на ба абаси даст ва по мазан
Кин қулзуми ҳавоу ҳавасро канора нест
эй файзи ишқи варз ки ишқаст ҳарчӣ ҳаст
Он дил ки ишқ нест дарави ҳеҷ кора нест
Гар ҷон талаб кунад зи ту ҷонон равон бидиҳ
Дар кори хайри ҳоҷати ҳеҷ истихора нест